Мулоқот бо сафири Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 18.11.2021

Санаи 16 ноябри соли равон мулоқоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар баробари тақвият додани муносибатҳои ҷорӣ имкониятҳои мавҷударо пурра истифода карда, иҷрои саривақтии тадбирҳои муайяншударо таъмин менамоянд.

Дар рафти мулоқот масъалаи рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, махсусан таъмин намудани заминаи моддӣ-техникӣ барои истифодаи васеъи имкониятҳои соҳаи IT баррасӣ шуда, ҷонибҳо андешаҳои худро роҷеъ ба ин масъала иброз намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ факултети муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи давлатии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон амал мекунад, ки таҳсилот дар он аз рӯйи низоми «2+3» ба роҳ монда шудааст.

 


Назад к списку

Сотрудничество