Табрикоти ректори донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 05.11.2021

 

Омӯзгори гиромӣ, донишҷӯёни азиз, ҳамдиёрони арҷманд!

6 ноябр мо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - санади сарнавиштсоз барои ҳар як тоҷику тоҷикистониро ҷашн мегирем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки ин баёнгари соҳибихтиёрии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Дар ин давраи начандон зиёди таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбари хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид.

Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, назаррас ва муҳим аст.

Зимни суханрониҳои худ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нақши бузурги Конститутсияро таъкид намуда, дар яке аз суханронии худ қайд намуданд: «Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид».

Ҳамватанони азиз!

Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои аввали Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати дурустироҳи интихобкардаи Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, азму иродаи матини халқ ва миллати тоҷик аст.

Тасдиқи гуфтаҳои болоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ метавон мушоҳида кард, чун бо азму талоши мардуми шарифи Тоҷикистон ободии диёр, созандагию бунёдкорӣ, афзунгардонии иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи рӯзгори мардум таъмин гардида истодааст.

Қобили зикр аст, ки маҳз конститутсия заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои рушди босубот таъмин менамояд. Мазмуну мундариҷаи Конститутсияи кишвар мукаммал буда, он дар байни беҳтарин конститутсияҳо ҷаҳон қарор дорад, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозист.

Ҳамдиёрони азиз! Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ба хонадони ҳар яки Шумо бахту иқболи нек, сулҳу оромӣ ва ба кишвари азизамон пешравию комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар


Назад к списку

Сотрудничество