Мулоқот бо ҳамоҳангсози дафтари ТIКА дар шаҳри Душанбе

 23.09.2021

Санаи 22 сентябри соли равон ҳамоҳангсози дафтари Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТIКА) дар шаҳри Душанбе Ибраҳим Эрбир ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф оварданд.

Зимни ташриф мулоқоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо ҳамоҳангсози дафтари Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТIКА) дар шаҳри Душанбе Ибраҳим Эрбир сурат гирифт.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба, махсусан таъмини кардани шароити мусоид барои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, раванди таъсис додани озмоишгоҳи замонавӣ дар донишгоҳ мусбат арзёбӣ гардида, бахшҳои фарогири ҳамкориҳои оянда муайян гардиданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи фаъолияти дуҷониба иброз намуданд.

 

         

         


Назад к списку

Сотрудничество