Субҳи имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи дониш дар фазои тантанавӣ ва бошукӯҳ таҷлил гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ табрикоти ректори донишгоҳ аз ҷониби муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим Маҳмадизода М.М. қироат карда шуд.
Баъдан меҳмони чорабинӣ Ҷӯразода Кабир – мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборакбод намуд.
Чун анъана намояндагони донишҷӯёни курсҳои чорум ва якуми донишгоҳ низ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, дафтарчаи имтиҳонотӣ ва билети донишҷӯии рамзиро аз курси чорум ба курси якум супориданд.
Пас аз ба охир расидани чорабинӣ тамоми донишҷӯён ба синфхонаҳои дарсӣ барои оғози дарс раҳнамун гардиданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.