Ташрифи ректори Академияи авиатсияи граждании Қазоқистон

 31.05.2022

31-уми майи соли 2022 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Академияи авиатсияи граждании Қазоқистон Сейдахметов Бекен Канелович ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф овард.
Зимни ташрифи меҳмони гиромиқадр мулоқоти муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Маҳмадизода М.М. ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Саъдуллозода Ш.С. бо ректори Академияи авиатсияи граждании Қазоқистон баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, доир ба мубодилаи академӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва мустаҳкам кардани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Академияи авиатсияи граждании Қазоқистон суҳбати муфид анҷом дода шуд.
Пас аз мулоқот ректори Академияи авиатсияи граждании Қазоқистон аз шаҳраки Политехникӣ боздид ба амал овард.
284570067_7949130341778625_8464147316460374851_n  282250810_7949131141778545_4822706321979985987_n 285476973_7949128028445523_2184287178822529395_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку

Сотрудничество