ЧОРАБИНИИ ТАҚСИМИ ХАТМКУНАНДАГОН БА ҶОЙИ КОР ДАР ДОНИШГОҲ

 27.05.2022

Рӯзи 27-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маҷлиси комиссияи тақсимоти хатмкунандагони соли таҳсили 2021-2022 ба ҷойи кор баргузор гардид. Ҷаласаи чорабиниро муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим - Маҳмадизода М.М. ҳусни оғоз бахшид.

Дар ин чорабинӣ хатмкардагони солҳои пешини донишгоҳ, муассисаву корхонаҳо ва ташкилоти соҳавӣ, аз ҷумла намояндагони ҶДММ "Акиа Авесто автоматив индустриал", ҶДММ "AVAS", ҶДММ "МВЕА", ҶСК "Азот", ҶСК "Сементи тоҷик", ҶДММ "Ноқили Талко", ШК "Ваҳдат-текстил", КВД КТН "Шарқи озод", КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва дигар ташкилоту муассисаҳо, инчунин хатмкунандагони соли таҳсили ҷорӣ иштирок карданд.

Намояндагони ҳамаи муассисаҳо бо додани маълумот доир ба корхонаи худ хатмкунандагонро ба кор ҷалб намуданд.

Дар охир ба саволҳои бешумори хатмкунандагон намояндагони муассисаҳои корфармо ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ мусоидат намудан бо таъминшавии хатмкунандагон бо ҷойи кор ва дарёфти мутахассисони зарурӣ барои корхонаҳо ва муассисаҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо корфармоён ба шумор меравад.

IMG_4906 IMG_4955 IMG_5240 IMG_5226 IMG_5102 IMG_4988

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку

Сотрудничество