Иштироки устодони донишгоҳ дар корҳои илмӣ-тадқиқотии озмоишгоҳи REQUIMTE LAQV

 19.05.2022

Бо даъвати Донишгоҳи НОВА-и шаҳри Лиссабон устодони ҷавони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Ҳусензода Мирзоазиз ва Нематов Дилшод барои анҷом додани сафари корӣ бо мақсади иштирок дар корҳои илмӣ-тадқиқотии озмоишгоҳи REQUIMTE LAQV-и факултети илм ва технологияи ба Португалия даъват гардиданд.
Дар рафти сафари корӣ устодони донишгоҳ дар силсила корҳои илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба тартиб додани моделҳои ҳисоббарорӣ, асосҳои назариявии истифодаи маводҳои CaSiO3 ва ZrO2 барои табдил додани намнокӣ ба ҷараёни электрикӣ дар соҳаи энергетика иштирок карда истодаанд.
Сафари мазкур дар доираи лоиҳаи Горизонт (H2020-MSCA-RISE-2019) «Мубодилаи мутахассисони илмӣ ва инноватсионӣ» лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии №871284 «Самодостаточная инновационная система радиационной адсорбции «От влажности к электричеству» для создания зданий с нулевым потреблением энергии» “Self-sufficient "humidity to electricity" innovative radiant adsorption system toward net zero energy buildings» баргузор гардидаистодааст.
282276412_7885485914809735_8766575573086445007_n 281771137_7885485661476427_2439131686160721902_n 282012973_7885486101476383_5064812711920421802_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку

Сотрудничество