12-уми майи соли равон ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти роҳбарии раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ Раҳимова С. дар конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъулияти оила дар камолоти маънавии фарзанд» иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади баррасии масоили масъулияти оила дар камолоти маънавии фарзанд аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии оила баргузор шуд.
Дар кори конференсия роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.