ДАРАҶАИ ИЛМӢ МУБОРАК!

 06.05.2022

279709211_7819555631402764_786188344250895594_n
Бо Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №136/д.и. аз 03 майи соли 2022 ба устоди кафедраи «Иншоотҳои гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Амирзода Ориф Ҳамид дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ дода шуд.
Олими пурмаҳсул ва роҳбари муваффақро бо ин дастовард муборакбод намуда, дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти меҳнатӣ бурдборӣ таманно менамоем.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку

Сотрудничество