Дар аксия зиёда аз 80 нафар донишҷӯён - волонтёрони шуъбаи кор бо ҷавонон иштирок карда, масоҳати калони оромгоҳро ба пуррагӣ тоза намуданд.
Инчунин, дар рафти аксияи экологӣ майдонча ва роҳравҳои қабри як қатор арбобони илму техника, фарҳанг ва санъат, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ аз алафҳои бегона ва дигар ашёҳо тоза карда шуданд.
Иқдоми шуъбаи кор ҷавонон вобаста ба баргузории аксияҳои экологӣ, ки бо дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ ба амал бароварда мешавад, минбаъд низ роҳандозӣ мегарданд.
Боиси қайд аст, ки дар қатори ҳазорон ҷавонони ҷумҳурии азизамон ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон ва мудири шуъба - Асоев К. бо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштироки фаъолона доранд.