Семинар-машварат дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ»

 23.04.2022

22-юми апрели соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ семинар-машварат барои устодон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи иҷрои мақсадҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар семинар-машварат муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Абдулло Мамадамон Абдураҳмонбек, намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», мудирони шуъбаҳо ва кафедраҳои донишгоҳ, устодон, донишҷӯён, аспирантон ва унвонҷӯён иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ мутахассисон оид ба иҷрои мақсадҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, бо иштирокчиёни семинар-машварат доир ба бақайдгирии моликияти зеҳнии онҳо сӯҳбат анҷом доданд.
278992534_7760387377319590_4551059310885505972_n278934377_7760387763986218_779587075604619613_n278840395_7760388037319524_4697221514721232279_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку

Сотрудничество