Баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

 20.04.2022

20-уми апрели соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Дар озмун намояндагони аксарияти факултетҳои донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамон аз муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С., ёрдамчии ректор Қодиров Н., мудирони кафедраҳо ва устодони соҳибтаҷриба иборат буд.
Инчунин, дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» намояндагони воҳидҳои сохтори донишгоҳ, аз ҷумла масъулини таълим, илм ва инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Пас аз саволу ҷавоб доир ба мавзӯъҳои мухталиф миёни аъзоёни ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун масъулин сатҳи омодагии иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуда, ба онҳо мувофиқи донишашон баҳои мувофиқ гузоштанд.
278824167_7750093391682322_5389812078728123410_n278729819_7750089758349352_4533942941120245193_n278712665_7750090661682595_4930629486019502371_n278683094_7750091298349198_655714668275793068_n278669754_7750090965015898_967480990017012414_n278662931_7750092018349126_2360406011829691841_n278664581_7750090208349307_3431752097567821528_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку

Сотрудничество