ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ БО КОЛЛЕКТИВИ ДОНИШГОҲ

 15.04.2022

Имрӯз - 15-уми апрели соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коллективи устодон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони ин ниҳоди давлатӣ - Акбарзода Нурмаҳмад ва Файзуллозода Баҳрулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим - Маҳмадизода М.М. кушода, суханро ба Акбарзода Н. дод. Мавсуф доир ба амалҳои нописанди коррупсионӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда гуфта гузашт. Инчунин дар баромадаш ӯ дар бораи риояи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ истода гузашт.

Дар охир саволу ҷавоби озод доир карда шуд.

IMG_1236IMG_1241IMG_1232

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку

Сотрудничество