Имкониятҳои нав барои донишҷӯён. Тавсеаи ҳамкорӣ бо ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»

 11.04.2022

Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд устодони кафедраи технологияҳои коркарди нахҳои табиӣ ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ташриф оварда, бо намояндагони ширкат имконияти бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон ва баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро баррасӣ карданд.
Устодони кафедра намояндагони ширкатро бо самтҳои омодакунии кадрҳо, пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва базаи моддӣ-техникии донишгоҳ шинос намуданд.
Дар натиҷа масъулини раёсати кадрҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» омодагии худро барои таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории таҷрибаомӯзӣ иброз намуданд.
Зикр карда шуд, ки маҳз ихтисосҳои муҳандисӣ-техникие, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таълим дода мешаванд, барои пешбурди самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузоранд.
278125024_7705420036149658_2792733876974482434_n (1)278113464_7705419336149728_6556520149427766314_n278120363_7705420406149621_7436709924811595773_n278089344_7705420266149635_2627324372975073018_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку

Сотрудничество