Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар даври финалии олимпиадаи байналмилалии OIIO (Open International Internet-Olympiad) аз фанни информатика, ки дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок карданд.
Ба иштирокчиёни олимпиада аз 12 то 16 саволҳои сатҳи гуногун пешниҳод карда шуд. Дар даври финалии олимпиадаи байналмилалии OIIO 56 нафар намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон иштирок намуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии худро дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.