6-уми апрели соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ чорабинии илмиву маърифатӣ зери унвони «Саноатикунонии босуръат – омили асосии пешрафти кишвар» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар оғоз гардид. Дар рафти сухани ифтитоҳии худ ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки “Бо назардошти вазъи бозори ҷаҳонӣ ва аҳамияти саноат дар иқтисодиёти ҷаҳон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорум ҳадафи стратегии мамлакатро “Саноатикунонии босуръати кишвар” эълон намуданд, ки чунин иқдоми саривақтӣ аз ҷониби аҳли илму техника, саноатчиён, омӯзгорони соҳаи илмҳои техникиву риёзӣ ва соҳибкорону сармоягузорон мавриди истиқбол қарор гирифт ва дастгирӣ ёфт”.
Пас аз суханронии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов суханронӣ намуда, бо овардани далелу мадракҳои таърихӣ дар даврони собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва таҷрибаҳои нодири саноатикунонии он замон ба олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилооти воқеӣ пешниҳод намуд. Ҳамзамон, Ғайбулло Авзалов таъкид кард, ки донишҷӯён ва аҳли илму дониши Донишгоҳи техникӣ дар масири татбиқи чорум ҳадафи стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар масъулияти асосӣ ва хеле бузургро бар дӯш доранд.
Сипас муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид дар партави ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди устувори иқтисодиёт ва саноатикунонии босуръати мамлакат суханронӣ карда, вобаста ба вазъи иқтисод ва саноат дар бозори ҷаҳонӣ ба аҳли толор маълумоти муфассалу муфид пешкаш намуд. Аз ҷумла муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А. таъкид сохт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калидитарин ва асоситарин кишвари содиркунандаи семент дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, умед аст, ки дар сурати рушди соҳаи саноат ва дастрасӣ ба технологияҳои нав, татбиқи лоиҳаҳои дар асоси илмӣ коркардшуда ва ҷалби сармояи хориҷӣ кишвари мо метавонад ба яке аз давлатҳои пешрафтаи саноатӣ табдил гардад, зеро Тоҷикистон дорои бузургтарин захираҳои табиӣ, заминҳои кишоварзӣ ва сармояҳои инсонӣ аст. Ҳамчунин, номбурда оид ба манфиати электромобилҳо дар рушди соҳаи саноати Тоҷикистон ва татбиқи илм дар истеҳсолот сухан гуфта, аз донишҷӯён ва олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷиддан истеъдод, дониш, таҷриба ва дониши баланди техникиро талаб ва тақозо намуда, ҷавононро ба навоварӣ, ихтироъкорӣ ва дарки воқеии саноат ва истеҳсолоти миллӣ ҳидоят сохт.
Ташрипов Қобил намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосгузорӣ аз иқдомҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар баргузории чунин чорабинии илмиву маърифатӣ изҳор дошт, ки саноат асоси пешрафти давлатҳо дар ҷаҳони муосир буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тамоми бахшҳои саноат заминаҳои хуб фароҳам овардааст.
Дар анҷоми чорабинӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Давлатзода Қ.Қ. суханронӣ намуда таъкид дошт, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ яке аз марказҳои асосии илмӣ ва техникӣ буда, мақсади асосии ин боргоҳи илму дониш омода сохтани кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ маҳсуб мегардад. Бо ин мақсад имрӯзҳо дар донишгоҳ дар заминаи 7 факултет барои тамоми бахшҳои саноат мутахассисони соҳибкасб омода карда мешаванд ва фаротар аз ин, имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон курсҳои бозомӯзӣ дар соҳаҳои гуногуни муҳандисӣ ва техникӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин метавонад дар таъмини бахшҳои гуногуни соҳаи саноат, меъморӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ, роҳсозӣ, энергетика, нақлиёт ва ғайра дар ҶумҳурииТоҷикистон нақши созгор гузорад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.