Мулоқоти ректор бо ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика

 01.04.2022

Санаи 31-уми март ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино мулоқот карданд.

Дар мулоқот ректори донишгоҳ ба ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалӣ барои дар сатҳи арзанда муаррифӣ кардани донишгоҳ изҳори сипос карда, дар олимпиада ва озмунҳои минбаъда муваффақият таманно намуданд.

Мавриди зикр аст, ки олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино дар партави «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он намояндагони як қатор кишварҳо иштирок карданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку

Сотрудничество