БОЗДИДИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁН АЗ НАМОИШИ

 18.03.2022

Рӯзҳои 17 ва 18-уми марти соли равон ҳудуди 100 нафар устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ намоиши "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ"-ро дар Осорхонаи миллӣ тамошо карданд.

Дар чорабинии мазкур экспонатҳои Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ" ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар Осорхонаи ҳунарҳои миллӣ Осиё "Гимей"-и Фаронса муаррифӣ шуда буданд, ба намоиш гузошта шудааст.

Чорабинӣ дар рӯзҳои баъдӣ низ давом менамояд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку

Сотрудничество