СЕМИНАР ДАР ФАКУЛТЕТИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

 12.03.2022

Санаи 10-уми марти соли 2022 бо ташаббуси кафедраи дизайни муҳити меъморӣ ва тармим дар маркази таълимии инноватсионии факултети сохтмон ва меъморӣ семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши мутахассисони меъмор дар лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар замони муосир: роҳҳои такомул ва татбиқи эҷодкориҳо» ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии илмӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳмонзода Аҳмадҷон, декани факултети сохтмон ва меъморӣ Якубов Алиҷон, мудири кафедраи дизайни муҳити меъморӣ ва тармим Эмомова Фируза, ҳайати профессорон, устодони донишгоҳ, аъзоёни Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва созмони ҷавонони факултет иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси кафедраи дизайни муҳити меъморӣ ва тармим мунтазам чорабиниҳои илмӣ ва намоишҳо ташкил гардида, донишҷӯёни кафедра дар озмунҳои сатҳи гуногун иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку

Сотрудничество