ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШГОҲ ДАР БОҒИ ИРАМ

 24.05.2021

Дирӯз - 23.05.2021 таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия Ашӯрзода А.Н. ва супориши роҳбарияти донишгоҳ дар Боғи Ирами пойтахт чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дастаи ҳаваскорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ - "Муҳандиси ҷавон" дар он  ҳунарнамоӣ намуд.

Чорабинии фарҳангӣ аз сурудҳои ҷолиб дар иҷрои донишҷӯён, намоиши ҳунари рассомони кафедраи меъмории донишгоҳ, ки бевосита донишҷӯён расмҳоро дар боғ - дар назди мардум тасвир карданд, рақсу бозии тамошобинон ва монанди инҳо иборат буд.

Мувофиқи нақша баргузории чунин чорабиниҳо ба таври доимӣ ва дар рӯзҳои истироҳат дар назар гирифта шудааст.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку

Сотрудничество