Муҳтарам донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантону унвонҷӯён, бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар Конференсияи Ҷумҳуриявии VII илмӣ-амалии донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантону унвонҷӯён таҳти унвони
«ИЛМ – АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ»
ки бахшида ба Рӯзи илм санаи 27-28-уми апрели соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор мегардад, даъват менамоем.
Конференсияи мазкур бо мақсади мубодилаи иттилоотии илмӣ-амалӣ, ки роҳҳои пешрафти техника ва технологияи навин, рушди ҳамкориҳо дар татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва инноватсионӣ, роҳандозии робитаҳои корӣ ва муносибатҳои тиҷоратиро дар ин самт муайян месозад, баргузор мегардад.
САМТҲОИ КОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ:
1. ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ МУҲАНДИСӢ;
2. ЭНЕРГЕТИКА;
3. ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛЛОТӢ;
4. СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ;
5. НАҚЛИЁТ ВА СОХТМОНИ НАҚЛИЁТӢ;
6. ТЕХНОЛОГИЯИ ХИМИЯВӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ;
7. МОШИНСОЗӢ ВА МАСОЛЕҲШИНОСӢ;
8. ИЛМҲОИ БУНЁДӢ (МАТЕМАТИКА, ФИЗИКА, ХИМИЯ);
9. ИҚТИСОДИЁТ;
10. ФАНҲОИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ;
11. ЭКОЛОГИЯ.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Суроғаи мо
734025. ш. Душанбе, хиёбони акад. Раҷабовҳо, 10,
2 ошёна, шуъбаи инноватсия ва нашрияҳои илмӣ.
Тел: +992 902 20 99 44; +992 93 832 15 51 (Viber)
E-mail: conferencettu@mail.ru