Ҷаласаи Шурои Ҷамъияти илмии донишҷӯён

 23.09.2021

16 сентябри соли 2020 дар толори маркази таълимии инноватсионӣ таҳти раёсати раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯён Ардашер Шерзодиён ҷаласаи Шӯрои Ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои Ҷамъияти илмии донишҷӯён котиби масъули Ҷамъият, муовини раис, раисони Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ, роҳбари Бахши ихтироъкорон, роҳбари гурӯҳи тарғиботии «Созандагон» ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Зимни ҷаласаи Шӯрои Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар ҳайати роҳбарикунандаи Ҷамъият ва сохторҳои он тағйиротҳои кадрӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, бо Қарори Шӯрои Ҷамъияти илмии донишҷӯён Қодиров Масрурбек аз вазифаи котиби масъули Ҷамъият озод шуда, Зиёдулло Саидмашрабхон котиби масъули Ҷамъият таъин гардид. Дар баробари ин, бо Қарори Шӯрои Ҷамъияти илмии донишҷӯён раисони Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултетҳои энергетикӣ, технологияҳои инноватсионӣ, менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аз вазифа озод шуда, аз ҳисоби ҷавонони фаъолу ботаҷриба раисони нав таъин гардиданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Ҷамъияти илмии донишҷӯён лоиҳаи «Стратегияи рушди Ҷамъияти илмии донишҷӯён барои соли таҳсили 2020-2021» ва Нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 100-солагии академик М.С.Осимӣ баррасӣ гардид.

Доир ба лоиҳаи «Стратегияи рушди Ҷамъияти илмии донишҷӯён барои соли таҳсили 2020-2021», Нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 100-солагии академик М.С.Осимӣ, иҷроиши он ва тақсимоти сарборӣ гузориши котиби масъули Ҷамъияти илмии донишҷӯён Зиёдулло Саидмашрабхон шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, Ҷамъияти илмии донишҷӯён тасмим гирифтааст, ки яке аз сохторҳои асосии донишгоҳ дар робита ба ҳамкориҳои донишҷӯёну донишгоҳ шуда, дар самти тарғиби фаъолияти умумии донишгоҳ 45% ҳиссагузорӣ намояд. Инчунин, дар доираи «Стратегияи рушди Ҷамъияти илмии донишҷӯён барои соли таҳсили 2020-2021» тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён 15% ва ҷалби донишҷӯён барои фаъолият дар Ҷамъият нисбат ба нишондиҳандаҳои кунунӣ 25% зиёдтар ба нақша гирифта шудааст.

Раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯён Ардашер Шерзодиён ба котиби масъули Ҷамъият Зиёдулло Саидмашрабхон ва роҳбари гурӯҳи тарғиботии «Созандагон» Озодмеҳр Ҷамолиён супориш доданд, ки ҷиҳати амалишавии ҳамаи бандҳои «Стратегияи рушди Ҷамъияти илмии донишҷӯён барои соли таҳсили 2020-2021» аз ҳисоби раисони Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултетҳо масъулон таъин шуда, назорати иҷроиши он ба зиммаи котиби масъули Ҷамъият гузошта шавад.

Пас аз баррасӣ лоиҳаи «Стратегияи рушди Ҷамъияти илмии донишҷӯён барои соли таҳсили 2020-2021» барои мувофиқа ба Раёсати илм ва инноватсия ва Шуъбаи магистратура ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ донишҷӯён пешниҳод гардид.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои Ҷамъияти илмии донишҷӯён гузориши роҳбари гурӯҳи тарғиботии «Созандагон» Озодмеҳр Ҷамолиён доир ба амалишавии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 100-солагии академик М.С Осимӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки гурӯҳи тарғиботии «Созандагон» тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ фаъолиятро дар самти амалишавии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 100-солагии академик М.С Осимӣ пурзӯр карда, дар муқоиса бо моҳи августи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои фаъолнокӣ 37% зиёд намудааст.

Раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯён ба тамоми масъулин супориш доданд, ки то санаи 1 октябр тамоми супоришҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ пурра иҷро шуда, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта ба котиботи Шӯрои Ҷамъияти илмии донишҷӯён ҳисобот пешниҳод карда шавад.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои Ҷамъияти илмии донишҷӯён раиси Ҷамъият ҳозиринро даъват ба амал овардан, ки ба кору фаъолият дар Ҷамъияти илмии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ дода, супоришҳои роҳбариятро мунтазам иҷро намоянд.


Назад к списку

Сотрудничество