20 СОЛИ ҲАМКОРӢ, РУШДИ УСТУВОР, СУЛҲУ СУБОТ ВА ДАСТАҶАМЪИИ ШАРИКОНА

 06.09.2021

Бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай

   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози солҳои 90-уми қарни гузашта, яъне дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии худ як қатор тадбирҳои мушаххас андешид, аммо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ барои пурсамар гардонидани фаъолият дар самти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ монеаи амиқ ба миён гузошт. Дар нахустин лаҳзаҳои истиқлол барои кишвари мо шароити зарурӣ барои тадбиқи худ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба воситаи ташкил намудани фаъолияти дипломатӣ дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам наомад. Дар шароити вазнин, ки давлат қарор дошт, роҳандозӣ кардани сиёсати ягонаи давлатӣ дар ҳама самтҳо ва пеш аз ҳама дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ воқеан зарур буд. Боиси хушҳолии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки чеҳраи бузурги таърихӣ – Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда, дар ин мақом ба дипломатияи навини тоҷик асос гузошт ва ҷиҳати шинохти Ватани азизамон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ талошҳои зиёди пайгирона анҷом дод.

   Аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати “дарҳои кушод” ва дар асоси принсипи сулҳпарварӣ муносибатҳои мутақобилан судманду баробарҳуқуқро бо шумораи зиёди кишварҳо барқарор намуд. Дар ин замина имконият барои рушди муносибат то сатҳи шарикии стратегӣ фароҳам омада, Осиёи Марказӣ дар ин нуқтаи назар минтақаи ҳамкориҳои стратегӣ пазируфта шуд.  

   Барои устувор гардонидани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ иштирок дар созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ ба фоидаи кор аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки худро дар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамояд ва вобаста ба ҳадафҳои худ ҷиҳати таъмини рушди устувори кишвар нақшаҳои фарогири ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҳар як созмону ташкилот эҳтиром ва иҷро менамояд.

   Айни замон, кишвари мо аъзои як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавӣ мебошад.

   Дар баробари ин, мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар доираи амалисозии Консепсияи сиёсати хориҷӣ ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Иштироки фаъолона дар ин созмони бонуфуз барои таъмини амният, рушди иқтисод ва тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо шарикон дар чорчӯбаи фаъолияти дуҷониба ва бисёрҷониба равона гардидааст.

   Имрӯзҳо мо дар арафаи 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай қарор дорем. 20 соли тавсеаи ҳамкорӣ, рушди устувор, сулҳу субот ва дастаҷамъии шарикона исбот намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай метавонад, ҳамчун муҳаррики рушд ва равнақ пойдории тараққиёти иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намояд ва омили сулҳ ва амният бошад.

   Дар шароити вазнини давраи пандемияи COVID-19 аъзоёни Созмони ҳамкории Шанхай бо риояи арзишҳои “Рӯҳияи Шанхай” бори дигар исбот намуданд, ки ҳамкориҳо дар сатҳи Созмон ба сатҳи сифатан нав баромада, намуна барои истифодаи умум дар сатҳи байналмилалӣ гардидаанд.

  Таърихи ташаккули Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба солҳои 90-уми қарни гузашта бар мегардад. Соли 1996 ҷаласаи сарони давлатҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Шанхай баргузор гардид, ки онро дар таърих “Панҷгонаи Шанхай” ном мебаранд.

 Мавриди зикр аст, ки маҳз дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай” Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 зимни баргузории ҷамъомади сарварони “Панҷгонаи  Шанхай” дар баробари аъзо шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо қабули Эъломия дар бораи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун созмон фаъолияти худро оғоз намуд.

  Созмон, ки фарогири ҳудуди васеъ аст, шакли ҷадиди ҳамкориҳои давлатҳои сохти гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштаро ташкил намуд ва имконияти рушди муносибатҳоро бештар кард.

  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии заминавӣ дар самти омода кардани кадрҳои муҳандисӣ фаъолияти худро дар асоси муқаррароти Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар доираи лоиҳаи Фазои таълимии ягонаи аврупоӣ дар Осиё ва дар самти таҳвили низоми балонӣ таъсис ёфтааст, мунтазам инкишоф медиҳад.

   Қобили қайд, ки дар чорчӯбаи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи СҲШ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла мубодилаи донишҷӯён, дар зинаҳои магистратура, аспирантура, ташкил ва баргузории конференсияҳои илмӣ, методӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони ҷавон, табодули  таҷрибаи омӯзгорон, гузаронидани пажӯҳишҳои илмӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, монографияҳо, мақолаҳои илмӣ,  коромӯзии омӯзгорон, таҷрибаомӯзии истеҳсолию таълимӣ фъолияти пурсамар ба роҳ монда шудааст. Устувории раванди инкишофи ҳамкориҳо дар доираи Донишгоҳи СҲШ барои донишгоҳ аҳамияти махсус дорад ва ҷиҳати нигоҳдошту равнақи фаъолият дар бахшҳои гуногун чораҳои муассир мавриди истифода қарор мегиранд.    

   Хеле рамзист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар баробари таҷлили 30 солагии Истиқлоли давлатӣ раёсатро дар ин созмони бонуфуз бар зимма дошта, нишасти ҷашнии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе қабул менамояд.

   Коршиносон ба он ақидаи назаранд, ки дар шароити пурпечутоби воқеияти имрӯзаи геополитикӣ нишасти ҷашнии сарони давлатҳои  аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҳоҳад буд, чун дар он намояндагони аксарияти аҳолии ҷаҳон иштирок намуда, вобаста ба доираи васеъи масоили таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои гуманитарӣ изҳори назар менамоянд.

   Масъала ва мушкилотҳое, ки дар доираи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор мегиранд, бори дигар тасдиқ менамоянд, ки Созмони ҳамкории Шанхай фарохтар аз ташкилот аст, чун умед ба зиндагии шоиста дар фазои сулҳу суботро барои шаст дар сади аҳолии ҷаҳон мебахшад ва дар таъмини амнияти онҳо нақши воқеан боризро мебозад.

 

Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло,
муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент.


Назад к списку

Сотрудничество