Имрӯз - 13.07.2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2022 бо иштироки васеи ВАО доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма – хабарнигорон аз телевизиони «Баҳористон», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Тоҷикистон», «Садои мардум», «Омӯзгор», радиоҳои «Садои Душанбе», «Тоҷикистон», «Фарҳанг», раёсати донишгоҳ, деканони факултетҳо, мудири шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ, сардорони идораҳо ва мудирони шуъбаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ибтидо Ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. дар бораи фаъолияти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Сипас хабарнигорон бо саволҳои гуногун муроҷиат намуданд. Асосан саволҳои аз ҷониби намояндагони ВАО пешниҳодгардида доир ба масъалаҳои ихтироъкорӣ, омодасозии луғатҳои соҳавии техникӣ, таъмини донишҷӯён бо ҷойи кор, ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат будани кадрҳои омодашаванда, нақшу мавқеи занон дар фаъолияти донишгоҳ, дастгирии ятимон ва маъюбон, татбиқи натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар истеҳсолот, тадбирҳо дар бораи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ҳамкории донишгоҳ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, иштироки донишҷӯён дар озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, тадбирҳо вобаста ба саноатикунонии босуръати кишвар, сатҳи доир гардидани таҳсил бо забони тоҷикӣ, фаъолияти Парки технологии донишгоҳ ва монанди инҳо буд.
Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ., муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал – Маҳмадизода М.М., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ – Саъдуллозода Ш.С., муовини ректор оид ба тарбия – Аҳмадзода Б.С. ва дигар мутасаддиёни идораву шуъбаҳои донишгоҳ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.
Инчунин мутасаддиёни сохтори гуногуни донишгоҳ ба саволҳои алоҳидаи рӯзноманигорони радиову маҷаллаҳо ҷавоб дода, барои барномаҳои алоҳидаи онҳо маълумот доданд.
Дар охир ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён дошт.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.