Университет

Истиқбол ва баргузории ҷашни 65-солагии донишгоҳ ба рӯзҳое рост меояд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдат бо рӯҳи болида ва шодию фараҳ ҷашни муқаддас – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Таҳлили дастовардҳои даврони истиқлол дар масири ҷашнвораҳо нишон доданд, ки тайи солҳои охир бо шарофати Истиқлолият ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон халқи шарафманду меҳнатдӯсти тоҷик дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муташаккилона фаъолият намуда, дар роҳи рушд ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун муассисаи таҳсилотии олии базавӣ дар самти омодакунии кадрҳои техникӣ ва макони пурнуфузи илму маърифат тамоми дастовардҳои замони Истиқлолиятро дар худ таҷассум менамояд.

Агар ба таърихи ташаккул ва рушди донишгоҳ дар 65 соли фаъолияташ назар андозем, шартан бошад ҳам, аз ду марҳила иборат будани онро баръало эҳсос карда метавонем.

Марҳилаи якум – солҳои 1956-1990 фаъолияти донишгоҳро дар замони Шӯравӣ дар бар гирифта, ба марҳилаи дуюм – солҳои 1991-2021 фаъолияти донишгоҳро дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ворид кардан мумкин аст. Саҳифаҳои рӯзномаи таърихи донишгоҳ дар ҳар ду марҳилаи инкишофаш аз рӯйдоду воқеаҳои муҳиму ибратбахш ғанӣ аст ва таҳлилу омӯзиши ҳар яки онҳо барои имрӯзу фардои донишгоҳ роҳнамо буда метавонад.

Донишгоҳ бо Қарори Шӯрои вазирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти №14 аз 6-уми январи соли 1956 ҳамчун Институти политехникии Сталинобод барои таъмин намудани талаботи хоҷагии баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ барқарору инкишоф ёфтаистодаи ҷумҳурӣ бо кадрҳои муҳандисӣ таъсис дода шуда буд.

Институт соли аввал дар се факултет аз рӯйи 8 ихтисос ҳамагӣ 200 нафар донишҷӯёнро қабул намуда буд. Дар кишвар ҳанӯз таҷрибаи омодакунии мутахассисони муҳандисӣ набуд, омӯзгорон, воситаҳои таълимию китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти таълимию озмоишгоҳҳо намерасиданд. Аз ин лиҳоз, масъалаҳои зиёди ташкилӣ, таълимӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию тарбиявиро баррасӣ ва ҳал намудан лозим буд.

Хушбахтона роҳбарияти ҳамонвақтаи муассиса таҳти роҳбарии аввалин ректори донишгоҳ устод Муҳаммад Сайфитдинович Осимӣ тавонистанд мушкилиҳоро пайдарпай бартараф намуда, ин боргоҳи таълимро дар як муддати кӯтоҳ ба қатори мактабҳои олии пазируфтаи Иттиҳоди Шӯравӣ ворид намоянд. Зимнан, соли 1961 Институти политехникии Сталинобод Институти политехникии Тоҷикистон номгузорӣ шуд.

Дар охири марҳилаи якум, оғози солҳои 90-ум Институти политехникии Тоҷикистон ба яке аз муассисаҳои асосии таҳсилоти олии касбии омодакунии кадрҳои муҳандисӣ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар ИҶШС ва минтақа маҳсуб меёфт.

Мутаасифона, оғози марҳилаи дуюми фаъолияти донишгоҳ бо бархӯрду душвориҳои зиёд оғоз гардид. Муқаддастарин дастоварди ҳар халқу миллат – Истиқлолияти давлатӣ, ки сентябри соли 1991 ба мардуми мо насиб гардид, имконияти хуб барои рушд буд, аммо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фаро гирифта, барои рушди босуботи кишвар монеъ эҷод намуд. Боиси ифтихор аст, ки ҳатто дар лаҳзаҳои нотинҷиву бесарусомонӣ  Донишгоҳ ягон лаҳза фаъолияти кориашро қатъ накарда, қабул ва таълими донишҷӯёнро бефосила идома медод.

Бо дарназардошти нишондиҳандаҳои баланд Институти политехникии Тоҷикистон соли 1992 ҳамчун Университети техникии Тоҷикистон ва бо мақсади пос доштани хизматҳои шоёни аввалин ректори он Осимӣ Муҳаммад Сайфитдинович, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №70 аз 07.02.1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ номгузорӣ шуд.

Хушбахтона бо талошҳои ҷонфидоёнаю пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ сулҳу ваҳдат барқарор гашта, барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиётӣ кишвар шароити мусоид фароҳам омад.

Бо мақсади мусоидат намудан дар рушди босуботи кишвар сохтори доншгоҳ такмил дода шуда, воҳидҳои нави сохторӣ таъсис дода шуданд. Ҳамин тавр, оғоз аз соли 1996 дар  назди донишгоҳ коллеҷу литсейҳо таъсис дода шуданд..

Ҳамин тариқ, аз солҳои 2000-ум барои ба низом даровардани мундариҷаи таълим, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳо, таъмиру омодакунии биноҳои таълимию иншооти муҳандисӣ, назорати раванди қабул ва низоми таълим шароити мусоид фароҳам омад.

Махсусан, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ 17-уми апрели соли 2007 ва суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 50-солагии донишгоҳ ба кормандону донишҷӯён такони ҷиддӣ бахшида, замина барои фаъолияти пурсамари онҳо гардид.

Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат нақшаи махсус тартиб дода шуда, “Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015” таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №371 аз 1-уми августи соли 2008 тасдиқ карда шуд. Маблағгузории умумии барнома қариб 58 млн. сомониро ташкил дод, ки барои рушду нумӯи донишгоҳ мусоидати азим намуд.

Дар ҷаҳорчӯбаи иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва барномаи рушд дар донишгоҳ як қатор масъалаҳои ташкилӣ-сохторӣ ва илмию таълимӣ ҳалли худро ёфтанд. Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон баста шуда, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамроҳ карда шуд.

Ба истифода додани бинои нави факултети сохтмон ва меъморӣ, ки дорои зиёда аз 4000 ҷойи нишаст дар як баст мебошад, масоҳати таълимии донишгоҳро ба маротиб афзуда, масоҳати таълимии донишгоҳ нисбат ба соли 2005 қариб 7 маротиба зиёд шуд. Шароити иқтисодию иҷтимоии донишгоҳ ва кормандон беҳтар гардида, маблағгузории донишгоҳ нисбат ба соли 2005 беш аз 11 маротиба ва музди меҳнати кормандон қариб ҳамин қадар афзуд. Агар дар соли 2005 барои дастрас намудани таҷҳизоти замонавии озмоишию таълимӣ 180 ҳазор сомонӣ сарф шуда бошад, солҳои 2013 ва 2015 бо ин мақсад ҳар сол қариб 3 миллион сомонӣ, яъне 11 маротиба зиёдтар маблағ ҷудо карда шудааст.

Тамоми биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ таъмиру азнавсозӣ шуда, барои таҳсилу истироҳат шароити мусоид муҳайё гардид. Қисмати зиёди озмоишгоҳҳои донишгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, пояи моддӣ-техникии таълим мустаҳкам карда шуд. Китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ сохта шуда, синфхонаҳои компютерӣ бо зиёда аз 1250  адад компютерҳои ба шабакаи Интернет пайваст, 75 синфхонаи бо тахтаи электронӣ муҷаҳҳаз пешкаши донишҷӯён гардида, заминаи гузаштан ба ҳукуматӣ электронӣ гузошта шуд.

Дар муассисаи таҳсилоти олии касбии имрӯза татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим ва идоракунӣ яке аз шартҳои рақобатпазирии он ба ҳисоб меравад. Истифодаи босифату самараноки технологияҳои нав дар раванди таълим барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб аҳамияти хос дорад.

Дар раванди таълим, коргузорӣ ва идоракунии донишгоҳ татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ марҳила ба марҳила мувофиқи дастуру супоришҳо ва дар асоси муқаррароти муайяншуда амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, дар донишгоҳ инфрасохтори иттилоотӣ ташкил шуда, муҳити ягонаи иттилоотӣ таъмин гардидааст.

Донишгоҳ пайваста шаклу усулҳои замонавии таълим ва таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилотии ҷаҳонро омӯхта, барои ба фазои ягонаи таҳсилотии минтақа ва ҷаҳон ворид шудан, сатҳу сифати омодакунии мутахассисонро беҳтар ва ба талаботи бозори минтақавию ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир шудани дипломи донишгоҳ талош менамояд.

Ҷиҳати мукаммалгардонии системаи таълим бо истифода аз таҷрибаи муассисаҳои таҳсилотии олии касбии пешқадами ҷаҳон аз имконияти лоиҳаҳои байналмилалии Темпус ва Эразмус Мундус, донишгоҳҳои шабакавии СҲШ ва ИДМ, созишномаҳои ҳамкориҳои дутарафаю бисёртарафа бо донишгоҳу донишкадаҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон истифода менамояд. Донишгоҳ аъзои қариб 10 иттиҳодия ва ташкилоти байналмилалии мактабҳои олӣ буда, бо зиёда аз 100 марказҳои илмию таълимии кишварҳои гуногун шартномаи ҳамкориҳои дутарафа имзо кардааст.

Дар донишгоҳ аз соли 2012 инҷониб факултети муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ амал менамояд, ки дар он донишҷӯён ду соли аввал дар Душанбе ва 3-4 соли боқимондаро дар Минск таҳсил намуда, соҳиби дипломи Донишгоҳи миллии техникии Беларус мешаванд.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун донишгоҳи базавӣ дар баробари омодасозии кадрҳои муҳандисии дараҷаи бакалавр ва магистр, инчунин дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогии равияҳои мухталифи техника ва технология саҳми босазо дорад. Айни замон, донишгоҳ дорои неруи пуриқтидори илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондааст.

Барои нашри натиҷаи тадқиқоти илмӣ маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» фаъолият дорад, ки ҳар ду бахши он дар рӯйхати маҷаллаҳои тақризии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд.

Дар донишгоҳ се Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият карда истодааст, ки фарогири 12 ихтисоси PhD ва 14 ихтисоси илмии анъанавӣ мебошад.

Барои марказонидани фаъолияти илмӣ дар назди донишгоҳ Институти илмӣ-тадқиқотии “Политехник” фаъолият менамояд.

Парки технологии донишгоҳ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда фаъолияти хеле хуб бурда истодааст ва айни замон дар миёни паркҳои технологии кишвар пешсаф мебошад.

Дар ҳоли ҳозир Парки технологии донишгоҳ асосан корҳои илмию тадқиқотиро бо корхона ва ташкилот дар асоси шартнома ба роҳ монда, инчунин барои донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҷҳизоти лабораторӣ тайёр менамояд.

Яке аз самтҳои асосии мустаҳкам кардани пояи моддӣ-техникӣ ва иқтидори илмии донишгоҳ таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо бо ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисос мебошад.

Ҷалби бештари маблағҳо ва сармоягузории ватанию хориҷӣ барои омодакунии кадрҳои илмию педагогии техникӣ, тайёркунии муҳандисон ва таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ низ ба рушди саноатикунонӣ таъсири мусбат мерасонад.

Барои баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, илмию таълимӣ, фарҳангию варзишӣ, машғулиятҳои беруназдарсии 4 толор ва якчанд майдончаҳои варзишӣ, даҳҳо маҳфилҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва илмию ихтироъкорӣ фаъолият менамоянд.

Ҳоло дар донишгоҳ 7 факултет – энергетикӣ, сохтмон ва меъморӣ, технологияҳои инноватсионӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт, менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва факултети муштараки Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, инчунин Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе ва литсейи техникӣ фаъолият менамоянд. Фақат дар сохтори асосии донишгоҳ (бе Донишкадаи политехникӣ, Коллеҷи техникӣ, Литсейи техникӣ) ҳудуди 12 000 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Дар 40 кафедраи донишгоҳ 608 нафар омӯзгорон, ки аз онҳо 387 нафарашон омӯзгорони штатӣ, 221 нафарашон ҳамкорон (109 нафарашон дохила, 112 нафарашон беруна) мебошанд, фаъолият менамоянд.

Аз ҳайати омӯзгорон 33 нафарашон профессорон, докторони илм ва 241 нафари дигар номзадони илм мебошанд.

Фаъолияти хуби донишгоҳро дар самти амалисозии “Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ” ба инобат гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили системаи таҳсилоти фосилавӣ ДТТ ба номи академик М.С. Осимиро бо маблағгузории “Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ” ҳамчун муассисаи озмоишӣ (пилотӣ) муайян намудааст.

Як аз имкониятҳои хуб барои дарёфти гранту лоиҳаҳо ҳамкорӣ бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо (ERASMUS+, ERASMUS Mundus, Horizon 2020 ва Horizon Europe) мебошад. Донишгоҳ дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо (ERASMUS+) ду лоиҳаи ҷорӣ ва як лоиҳаи нав ба даст овардааст.

Боиси зикр аст, ки дар соли таҳсили 2020-2021 нишондиҳандаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳ зиёд гардида, беш аз 400 нафарро ташкил дод, ки аксари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.

Айни замон, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ зиёда аз 650 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 13 кишвари дунё дар зинаҳои гуногуни таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 15 нафарашон дар асоси бурсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудонамуда таҳсил менамоянд.

Яке аз ҳадафҳои муҳими фаъолияти байналмилалии донишгоҳ тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва мутахассисони баландихтисос барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии касбии кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар давоми 5 соли охир зиёда аз 50 нафар кормандони донишгоҳ ба аспирантура ва докторантураи Федаратсияи Россия фиристода шуда буданд, ки 17 нафари онҳо рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, ба донишгоҳ барои идомаи фаъолияти илмӣ-педагогӣ баргаштанд. Айни замон дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия зиёда аз 30 нафар таҳсил намуда истодаанд, ки аксаран дар асоси маблағгузории Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён тамоми захираю имкониятҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва кадрию техникии донишгоҳро барои амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар карда, сатҳу сифати омодакунии мутахассисон ва корҳои илмиро беҳтар намуда, онҳоро ба талаботи имрӯзаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ наздик месозанд ва дар таъмини рушди устувори Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.