ТЕХНО ПАРК

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  Парки технологӣ” (№629, аз 21 июли соли 2010) ва мавриди иҷро қарор додани қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№18/29 аз 31.05.2011) бо Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ (№10 аз 6 июли соли 2012) Парки технологии донишгоҳ таъсис дода шудааст.

Дар асоси банди 1, моддаи сеюми  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2010, №629 «Дар бораи Парки технологӣ»ҳамчун шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ аз тарафи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ) ташкил дода шудааст ва мутобиқи моддаи 8, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Сино, 4 октябри соли 2012 ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар Нозироти андози ноҳияи Сино аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шудааст.

Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионй ва инвеститсионй ташкил шуда, дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парки технологӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумурии Тоҷики барои солҳои 2011-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»,  Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ”, Оинномаи ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, Оинномаи парк  ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анҷом дода истодаааст.

Заминаи ҳуқуқии дар самти фаъолияти инноватсионӣ

Парки технологӣ баҳри пешбурди фаъолият тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва Оинномаи худ барои барои намудҳои фаъолияте, ки бояд мавриди литсензиякунонии давлатӣ қарор дода шаванд, литсензияҳо (иҷозатномаҳо) гирифта истодааст.

Аз ҷумла барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолият, бо назардошти тадбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷозатнома (АУ №0002505 аз 27 марти соли 2018, №3111) дода шудааст. Яке аз шохаҳои фаъолияти парки технологӣ ин ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандон мебошад.

Дар асоси Иҷозатномаи зикргардида Парк тибқи шартнома барои кормандони Филиали ширкати “Транс-Таджик Газ Пайплайн, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, ҶДММ “Тотал”, ККВД “Троллейбус”, ККВД “Автобус-1” ва мактаби давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ   курси такмили ихтисоси гузаронидаст.